ХАТМИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ «УСУЛҲОИ МУОСИРИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ РУСӢ»

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон курси такмили ихтисоси «Усулҳои муосири таълими забони русӣ», ки дар ҳамкорӣ бо Россотрудничество баргузор гардид, бо муваффақият ба анҷом расид.
Дар доираи курс омӯзгорон ва мутахассисони соҳаи маориф имконият пайдо намуданд, ки бо усулҳои навини таълими забони русӣ, технологияҳои муосири омӯзиш ва таҷрибаи пешқадами таълимӣ ошно гардида, сатҳи дониш ва маҳорати касбии худро такмил диҳанд.
Бо мақсади қадрдонии саҳми арзанда дар баргузории курс ва рушди ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ ба омӯзгорони курс – Винокурова Мария Анатолевна, мудири кафедраи забоншиносии умумӣ ва русӣ ва методикаи таълими забони русӣ ҳамчун забони хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Россия, Капустина Евгения Александровна, дотсенти ҳамин кафедра, инчунин Неболсина Марина Сергеевна, роҳбари Маркази таҳсилоти кушод ба забони русӣ ва омӯзиши забони русӣ, Сипосномаҳои Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ» тақдим карда шуданд.
Ҳамзамон, иштирокчиёни курс ба роҳбарият, ташкилкунандагон ва омӯзгорон барои сатҳи баланди баргузории машғулиятҳо, фароҳам овардани шароити мусоиди омӯзиш ва пешниҳоди донишҳои муосиру таҷрибаи арзишманди педагогӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Оставьте комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Прокрутить вверх