Бахши коргузорӣ ва назорат

    Бахши коргузорӣ ва назорат воҳиди сохтории Марказ буда, фаъолияти худро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои дохилии муассиса ба роҳ мемонад. Вазифаи асосии бахш ташкили дурусти гардиши ҳуҷҷатҳо, назорати иҷрои супоришҳо ва таъмини риояи талаботи коргузорӣ мебошад.

      Самтҳои асосии фаъолият:
— таҳияи нақшаи кории солонаи бахш;
— таъмини иҷрои коргузорӣ тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Марказ;
— назорати иҷрои ҳуҷҷатҳои воридотӣ, содиротӣ ва дохилидоравӣ;
— оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти бахш марбутанд маводҳои фаврӣ, маълумотномаҳо омода намудан.
 Бо мақсади иҷрои вазифаҳои пешбинишуда бахш функсияҳои зеринро иҷро мекунад:
— коргузориро дар бахш тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ мекунад;
— ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва содиротии Марказро сари вақт ба қайд гирифта назорати иҷрои онро таъмин менамояд.

Прокрутить вверх