Шуъбаи банақшагирию молиявии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ» дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ», Оинномаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ таҳия гардида, тартиби фаъолияти хизматрасонии муҳосибии Марказро пешбинӣ менамояд.
Самтҳои асосии фаъолият:
— ҷорӣ намудани тарзу усулҳои пешрафтаи баҳисобгирии муҳосибӣ тавассути истифодаи васеъи воситаҳои техникию электронии ҳозиразамон;
— ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— баҳисобгирии пурраи воситаҳои пулӣ, сарватҳои молию моддӣ ва воситаҳои асосӣ, инчунин инъикоси саривақтии онҳо дар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибии амалиёти марбут ба онҳо;
— ҳисоби дурусти хароҷоти истеҳсолӣ ва муомилот, иҷрои сметаҳои хароҷот, фурӯши маҳсулот, иҷрои корҳои сохтмони васлкунӣ ва дигар кору хизматрасониҳо, тартиб додани нархномаи ҳисоботии арзиши аслии маҳсулот, кор ва хизматрасонии аз ҷиҳати иқтисодӣ асосноккардашуда;
— ба роҳ мондани баҳисобгирии аниқи натиҷаҳои фаъолияти молиявию хоҷагии Марказ;
— дуруст ҳисоб намудан ва сари вақт гузаронидани пардохтҳо ба буҷет;
-ҳиссаҷудокуниҳо ба суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ва маблағҳо барои маблағгузории асосӣ, дар муҳлатҳои муқарраргардида пардохт намудани қарзи бонкҳо ва ҳиссаҷудокунӣ ба фондҳои марбута, аз ҷумла фонди хайрия;
— санҷиши баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии муҳосибӣ дар воҳидҳои сохтории Марказ оид ба масъалаҳои муҳосибӣ, назорат, ҳисобот, таҳлили иқтисодӣ ва сари вақт додани дастуру тавсияҳо;
— тартиб додани ҳисоботи муҳосибии саҳеҳ дар асоси ҳуҷҷатҳои аввалия ва қайдҳои муҳосибӣ ва дар муҳлатҳои муқарраргардида ба мақомоти дахлдор пешниҳод намудани он.
