ИФТИТОҲИ КУРСИ КӮТОҲМУДДАТИ КАСБОМӮЗИИ «ПЕШХИЗМАТ» ВА БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТҲО

       22 сентябри соли 2026 дар доираи фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и ДБССТ курси кӯтоҳмуддати касбомӯзии «Пешхизмат» оғоз гардид.
     Маросими ифтитоҳи курс ва машғулиятҳо дар заминаи тарабхонаи «Баҳор Форел» баргузор шуда, дар он намояндагони Марказ, масъулони тарабхона ва шунавандагони курс иштирок намуданд.
     Ҳадафи асосии баргузории курси мазкур омода намудани мутахассисони касбӣ дар самти хизматрасонии тарабхонаҳо, баланд бардоштани сатҳи донишу малакаҳои касбии пешхизматон ва шинос намудани онҳо бо меъёрҳои муосири фарҳанги хизматрасонӣ мебошад.
       Дар рӯзи аввали машғулиятҳо ба шунавандагон оид ба нақш ва вазифаҳои пешхизмат, қоидаҳои муошират бо меҳмонон, одоби касбӣ, фарҳанги меҳмондорӣ ва стандартҳои хизматрасонӣ маълумоти назариявӣ пешниҳод гардид. Ҳамзамон, аҳамияти муносибати хушмуомила, масъулиятшиносӣ, зоҳири касбӣ ва риояи қоидаҳои хизматрасонӣ дар фаъолияти пешхизмат мавриди баррасӣ қарор гирифт.
     Қобили зикр аст, ки баргузории машғулиятҳои амалӣ дар муҳити воқеии тарабхона ба шунавандагон имконият медиҳад, ки донишҳои назариявии худро бевосита дар раванди хизматрасонӣ татбиқ намуда, малакаҳои зарурии касбиро ташаккул диҳанд.
     Курси мазкур дар доираи иқдомҳои Марказ ҷиҳати рушди захираҳои инсонӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва омода намудани кадрҳои рақобатпазир барои соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ роҳандозӣ гардидааст.
     Марказ минбаъд низ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои хизматрасонӣ барои рушди таҳсилоти касбӣ ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги хизматрасонӣ тадбирҳои омӯзиширо идома медиҳад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top