Шуъбаи таълимию методӣ

     Шуъба таълимию методӣ фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ”,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», Қарорҳо ва фармоишҳои ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Оиннома ва қарорҳои ҷаласаи Раёсати Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ”-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, фармоиши директори Марказ ва Низомномаи шуъбаи таълимию методӣ ба роҳ мондааст.
     Шуъбаи таълимию методӣ сохтори таркибии Марказ буда, барои ҳалли масъалаҳои таълимию методӣ масъул мебошад, бевосита ба муовини директор оид ба корҳои таълимӣ ҳисоботдиҳанда мебошад. Шуъба таълимию  методӣ бо мақсади татбиқи раванди таълимию методӣ, усулҳои нави таълим ва ҷараёни он дар Марказ масъул мебошад.
       Шуъбаи таълимию методии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ”-и  Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон  бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, такмили ихтисоси кормандони соҳа, расонидани ёрии амалии таълимию методӣ ба кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии устоҳои таълимию истеҳсолӣ, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ, омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи давлатҳои пешқадам, татбиқи методу усулҳои нави таълим дар раванди таълим ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, назорати амалишавии стандарти давлатии таҳсилотӣ, нақшаву барномаҳои таълимӣ ва тақвият додани ёрии амалии таълимию методӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва корхонаву муассисаҳои соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ташкил мегардад.
       Дар раванди фаъолият курсҳои такмили ихтисос, курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ва мастер-классҳо дар заминаи шуъбаи таълимию методӣ мутобиқи нақшаи тасдиқшуда ташкил ва баргузор карда мешаванд. Ин курсҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва такмили маҳорати касбии шунавандагон равона гардида, дар доираи самтҳои гуногуни фаъолияти Марказ амалӣ мешавад.
     Шуъбаи таълимию методӣ дар соли 2025 ҷиҳати такмили дониш, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва рушди малакаҳои кормандон корҳои муайянро ба анҷом расонид.
     Дар соли 2025 аз  курсҳои такмили ихтисос 134 нафар, дар курсҳои кӯтоҳмуддат 124 нафар ва дар мастер-классҳо 310 нафар шунаванда фаро гирифта шуданд. Ҳамин тариқ, дар соли 2025 шумораи умумии шунавандагони ба курсҳои такмили ихтисос, курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ва мастер-классҳо фаро гирифташуда 568 нафарро ташкил медиҳад.
    Дар нимсолаи аввали соли 2026 низ Шуъбаи таълимию методӣ фаъолияти худро дар самти такмили ихтисос, курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ва мастер-классҳо  ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии кормандон идома додааст, ки дар натиҷа 171 нафар ба курсҳои такмили ихтисос, 268 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ва 255 нафар ба мастер-классҳо фаро гирифта шуданд. Шумораи умумии шунавандагон дар нимсолаи аввали соли 2026 ба 694 нафарро ташкил намуд.
     Натиҷаҳои мазкур аз идомаи фаъолияти мунтазам дар самти такмили ихтисос, курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ва мастер-классҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбии омӯзгорон ва устоҳои таълимию истеҳсолии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ аз ҷумла тарабхонаҳо ва меҳмонхонаҳо мебошанд.

Scroll to Top