Муовини директор оид ба корҳои таълимӣ


Каримов Давлат Маҳмадович
Тел.: +992-918783578
e-mail: karimov_1989.d@bk.ru

                                                                               

 

                                                                           Маълумоти мухтасар

      Каримов Давлат Маҳмадович аз 1 ноябри соли 2024 то инҷониб дар вазифаи Муовини директор оид ба корҳои таълимии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» кор ва фаъолият менамояд.
   Соли 2012 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Академик М.С.Осимиро хатм намуда, то имрӯз дар вазифаҳои масъули раванди таълим фаъолият дорад.
      Соли 2020 бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2022 бо Нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, соли 2022 бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва соли 2025 бо Ифтихорнома Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои дастовардҳои меҳнатию хизмати шоён дар раванди таълим ва ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони ҷавон, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ  сарфароз гардонида шудааст.

                      Самтҳои асосии фаъолият

  • Банақшагирӣ, ташкил ва ҳамоҳангсозии раванди таълим дар Марказ.
  • Назорати иҷрои нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, нақшаҳои кории омӯзгорон ва ҷадвали машғулиятҳо.
  • Назорати раванди таълим, сатҳи азхудкунии дониш, малака ва салоҳиятҳои шунавандагон.
  • Ташкил ва назорати таҳияи ҷадвали дарсҳо, тақсимоти сарбории таълимӣ ва истифодаи самараноки фонди вақти таълим.
  • Ҳамоҳангсозии фаъолияти омӯзгорон, мудирони шуъба, кафедраҳо.
  • Ташкил ва назорати корҳои методӣ, фаъолияти иттиҳодияҳои методӣ, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои такмили маҳорати касбии омӯзгорон.
  • Назорати пешбурди ҳуҷҷатгузории раванди таълимӣ.
Scroll to Top