БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ”» баргузор гардид.
Дар рафти семинари мазкур омӯзгорону кормандони сохторҳои гуногуни донишгоҳ иштирок намуда, вобаста ба муҳтавои қонуни мазкур маълумоти муфассал гирифтанд.
Зимни баргузории семинар Меликов Умрилло Асадуллоевич – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи факултети ҳуқуқ ва гумруки донишгоҳ оид ба меъёрҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ», аҳамияти қабули он дар рушди низоми таҳсилоти олии кишвар, механизмҳои татбиқи амалии қонун ва талабот ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ суханронӣ намуд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки қонуни мазкур барои мутобиқ намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, густариши ҳамкориҳои хориҷӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва таҳкими рақобатпазирии муассисаҳои таълимӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар фарҷоми семинар миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои пешниҳодгардида посухҳои мушаххас дода шуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top