Бахши хоҷагидорӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» “Дар бораи санитарию эпидемиологӣ”, “Дар бораи моликияти давлатӣ”, “Дар бораи хариди давлатӣ”, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хоҷагидорӣ ва тартиби истифодаи амвол, фармоишҳои ректори Донишгоҳ, Оиннома ва қарорҳои ҷаласаи раёсати Марказ, фармоиш ва дастуру супоришҳои директори Марказ ва Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.
Ҳадафи асосии бахш таҳкими нигоҳдорӣ, истифода, таъмир, тармим, таъминот ва идоракунии инфрасохтори хоҷагидории Марказ мебошад.
Бахш дорои вазифаҳои зерин мебошад:
— таҳияи нақшаи кории солонаи бахш;
— таъмини фаъолияти мунтазами хоҷагидории Марказ;
— назорати ҳолати техникии биноҳо, иншоот, шабакаҳои барқ, об, гармидиҳӣ ва дигар таҷҳизот;
— пешбурди корҳои ҷорӣ ва таъмири капиталї;
— ташкили таъминот бо маводи хоҷагӣ, таҷҳизот, масолеҳ ва ашёи зарурӣ;
— ташкили кори кормандони хоҷагӣ;
— назорати ҳолати санитарӣ, риояи талаботи меъёрҳои оташнишонӣ;
— омодасозии ҳисоботҳои молиявию хоҷагӣ, ҳисоботи амвол;
— нигоҳдорӣ ва инвентаризатсияи амвол тибқи қонунгузории молиявӣ;
— таъмини нигоҳдории амволи давлатӣ ва пешгирии талафот;
— иҷрои корҳои таъмир сари вақт бо риояи стандартҳои техникӣ;
— риояи қоидаҳои бехатарии меҳнат, қоидаҳои зидди сӯхтор, меъёрҳои санитарӣ
— пешниҳоди иттилооти дақиқ дар бораи ҳолати амвол ва инфрасохтор
— назорати истифодаи самараноки мавод ва ашёи хоҷагидорӣ;
— оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти бахш марбутанд маводҳои фаврӣ, маълумотномаҳо омода намудан;
— коргузориро дар бахш тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ мекунад;
— нишондиҳандаҳои самтҳои фаъолияти бахшро таҳлил, оид ба фаъолияти семоҳа, шашмоҳа, нуҳмоҳа ва солонаи бахш дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамояд;
— маводҳои назоратиро таҳлил, ҷамъбаст ва оид ба ҷараёни иҷрои онҳо гузориш пешниҳод менамояд.
