Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрӣ

    Шуъба фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», фармоишҳои ректори Донишгоҳ, Оиннома ва қарорҳои ҷаласаи раёсати Марказ, фармоишҳои директори Марказ ва Низомномаи шуъба ба роҳ мемонад.

      Самтҳои асосии фаъолияти шуъба:
— татбиқи сиёсати кадрии Марказ дар воҳидҳои сохтории он;
— бо мақсади такмили самарабахшии фаъолият, омода намудани пешниҳодот доир ба ташаккул додани сиёсати кадрии Марказ;
— мувофиқати касбии ҳар як корманд ба вазифаи ишѓолкардааш, фароҳам овардани шароити зарурӣ баҳри инкишофи қобилиятнокӣ ва қонеъ гардонидани талаботи ҳар як корманд;
— ба кормандон оид ба масъалаҳои кадрии ба миёномада маслиҳатҳо додан;
— мактубу аризаҳо ва дархосту шикоятҳои ба шуъба воридшударо саривақт дида баромада, ба муаллифон ҷавоб омода намудан;
— интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои маъмурӣ-идоракунӣ, илмӣ, педагогӣ ва техникӣ;
-ба расмият даровардани фармоишҳои директори Марказ доир ба қабул, гузариш, ҷойивазкунӣ ва аз кор озод намудани кормандон;
— ба низом даровардани парвандаҳои шахсии кормандони Марказ;

     Шуъба дорои вазифаҳои зерин мебошад:
— татбиқи сиёсати кадрии Марказ дар воҳидҳои сохтории он;
— бо мақсади такмили самарабахшии фаъолият, омода намудани пешниҳодот доир ба ташаккул додани сиёсати кадрии Марказ;
— эълони озмуни ҷойҳои кории холи дар рӯзномаҳои даврӣ;
— мувофиқати касбии ҳар як корманд ба вазифаи ишѓолкардааш, фароҳам овардани шароити зарурӣ баҳри инкишофи қобилиятнокӣ ва қонеъ гардонидани талаботи ҳар як корманд.

Прокрутить вверх