ИДОМАИ ТАҚДИМИ ШАҲОДАТНОМАҲО БА ХАТМКУНАНДАГОНИ КУРСИ КӮТОҲМУДДАТИ КАСБОМӮЗӢ АЗ РӮЙИ КАСБИ «ҚАННОДӢ»

7 марти соли 2026 бо ибтикори роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и ДБССТ дар МДТ «Литсейи касби хизмат ва туризми шаҳри Душанбе»-и ДБССТ маросими супоридани шаҳодатномаҳо ба хатмкунандагони курси кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ аз рӯйи касби «Қаннодӣ» дар арафаи иди Модарон баргузор гардид.
Ба хатмкунандагон аз ҷониби муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и ДБССТ Каримов Давлат Маҳмадович ва роҳбарияти Литсей дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаҳо тақдим карда шуд.
Қобили зикр аст, ки ҳадафи асосии баргузории чунин курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ баланд бардоштани сатҳи маҳорат ва малакаҳои касбии шаҳрвандон, соҳибкасб намудани онҳо мебошад.
Бояд гуфт, ки курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзию забономӯзӣ дар Марказ аз руйи 21 самт мунтазам ба роҳ монда шудааст, ки хоҳишмандон метавонанд ба суроғаи мо: шаҳри Душанбе ноҳияи Фирдавсӣ Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкори Тоҷикистон бинои Д ошёнаи 6- ум ё ба рақами +992 206-01-83-83; +992 905-25-88-99 муроҷиат намуда, соҳибкасб гарданд, ё ин, ки маҳорат ва малакаи касбии худро сайқал диҳанд.

Оставьте комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Прокрутить вверх