ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ НАВИ ҲАМКОРӢ

Рӯзҳои 12-14-уми марти 2026 бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Форуми мазкур ба таҳкими ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва рушди робитаҳои академӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду кишвар равона гардидааст.
Дар доираи чорабинии мазкур маросими имзои як қатор созишномаҳои нави ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар баргузор гардид. Аз ҷумла, дар доираи Форуми мазкур рӯзи 13.03.2026 миёни Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ”-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогикаи Денави Ҷумҳурии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ имзо расонида шуд.
Созишномаро директори Марказ номзади илмҳои филологӣ Ширинзода Наҷмуддин Асомадин ва ректори Доншкада номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Рузиев Ойбек Абдиминович ба имзо расониданд.
Ҳадаф аз ба имзо расонидани созишномаи мазкур рушди ҳамкориҳои академӣ, густариши барномаҳои муштараки таълимӣ, роҳандозии табодули таҷрибаи омӯзгорон, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ дар самтҳои такмили ихтисос ва аз такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорон мебошад.

Оставьте комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Прокрутить вверх