ОҒОЗИ МАШҒУЛИЯТҲОИ ТАЪЛИМИИ КУРСИ КӮТОҲМУДДАТИ ОМӮЗИШӢ АЗ РӮЙИ КАСБИ “ПЕШХИЗМАТ” БАРОИ КОРМАНДОНИ ҶДММ “ШЕР-88” (ЯККАЧИНОР) АЗ ҶОНИБИ МД “МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ КОРМАНДОНИ СОҲАҲОИ САЙЁҲӢ ВА ХИЗМАТРАСОНӢ”

10 марти соли ҷорӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ”- ДБССТ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, малака ва маҳорати касбии кормандони тарабхонаҳо, ошхонаю чойхонаҳо курси кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ аз рӯйи касби “ПЕШХИЗМАТ”-ро барои кормандони Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Шер-88” (ЯККАЧИНОР) оғоз намуд.
Давомнокии курси мазкур як моҳро дар бар мегирад, ки шунавандагон метавонанд дар ин муддат истиқболи мизоҷ, қабули фармоиш, пешниҳоди дурусти рӯйхати хӯрокҳо, одоби хуб ва тартиботи шахсӣ, сабр ва хушмуомилагиро аз худ намоянд.
Машғулиятҳо ҳам назариявӣ ва ҳам амалӣ аз ҷониби мутахассисону коршиносони соҳибтаҷриба ба роҳ монда мешавад, ки дар анҷом ба шунавандагон шаҳодатномаи хатм тақдим мегардад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top