ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО БА ХОТИРИ РУШДИ МАРКАЗ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ХИЗМАТРАСОНӢ!

Бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ ва хизматрасонии кормандони тарабхонаҳову чойхонаҳо ва дигар субъектҳои хизматрасонӣ санаи 4-уми феврали соли 2026 аз ҷониби роҳбарияти МД «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и МД ДБССТ ва роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Чойхонаи Сайёҳ» ШАРТНОМАИ ҲАМКОРӢ ба имзо расонида шуд.
Бояд гуфт, ки МД “Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ”-и ДБССТ бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, самаранокии курсҳо, тибқи нақша фаро гирифтани шунавандагон ба курсҳои такмили ихтисос, курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ва мастер-классҳо барои бартарафсозии мушкилот дар низоми хизматрасонӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани хизматрасонӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии кормандон, беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ ва рушди касбии мутахассисони соҳа саъю талош хоҳад кард.
Мавриди зикр аст, ки ба талаботи замони муосир омода намудани мутахассисону коршиносони соҳаи хизматрасонӣ дар муаррифии фарҳанги меҳмондории Ватани маҳбубамон миёни сайёҳону меҳмонони дохилию хориҷӣ нақши муҳим мебозад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top