ПАЗИРОИИ ГАРМУ САМИМИИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ДОНИШГОҲ

12 марти соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон пазироии гарму самимии ҳайати ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар доираи Форуми III ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистону Узбекистон ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, сурат гирифт. Меҳмонон аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ бо расму русуми миллӣ истиқбол гирифта шуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ба меҳмонон имконияту зарфиятҳои таълимӣ, илмӣ ва инфрасохтории донишгоҳро муаррифӣ намуда, доир ба таҷрибаи омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои сайёҳӣ, соҳибкорӣ, иқтисодиёт, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Инчунин, таъкид гардид, ки рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ ба ҳисоб рафта, густариши робитаҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои минтақа, бахусус Ҷумҳурии Ӯзбекистон, барои мубодилаи таҷриба, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат аҳаммияти муҳим дорад. Қайд гардид, ки чунин ҳамкориҳо ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва рушди ҳамгироии илмӣ-таълимӣ миёни ду кишвар мусоидат менамоянд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни мулоқот вобаста ба Форуми байналмилалӣ дар мавзуи “Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. ҳушманд”, ки рӯзҳои 14-18 апрели соли 2026 дар Донишгоҳи байналмиалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, маълумот дода шуд.
Дар доираи ин сафар байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.
Аз ҷумла, Созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд ба номи Ислом Каримов ба имзо расид.
Ҳамчунин, созишномаҳои ҳамкорӣ миёни сохторҳои таркибии донишгоҳ ва муассисаҳои таҳсилоти олии Ӯзбекистон ба имзо расонида шуданд, аз ҷумла:
– байни Донишкадаи байналмилалии Данғараи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисоди экология ва хизмати Самарқанд;
– байни Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Денау;
– байни Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбек ба номи Алишери Навоӣ дар шаҳри Тошканд;
– байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии “Роҳи абрешим”;
– байни Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ – и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии техникии Бухоро;
– байни Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Намангон;
– байни Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Бухоро.
Зикр шуд, ки татбиқи созишномаҳои имзошуда барои роҳандозии барномаҳои муштараки таълимӣ, мубодилаи устодону донишҷӯён, гузаронидани тадқиқоти илмӣ, татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсил мусоидат хоҳанд кард.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи самараноки созишномаҳои баимзорасида изҳор намуда, чунин ташаббусҳоро қадами муҳим дар роҳи рушди робитаҳои илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон арзёбӣ карданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top