Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ”- и ДБССТ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои ректори Донишгоҳ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу маҳорат, малакаи касбӣ ва такмили неруи инсонии кормандон курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ аз рӯйи касби “Асосҳои омӯзиши компютер”-ро барои ҳуҷҷатгузорони факултетҳо кафедраҳо ва омӯзгорони Донишгоҳ ташкил ва баргузор намуд.
Рӯзи 11-марти соли 2026 ба шунавандагони курси мазкур, ки барномаи таълимиро аз худ карда, онро бо муваффақият хатм намуданд дар фазои тантанавӣ аз ҷониби муовини директори Марказ оид ба корҳои таълимӣ Каримов Давлат Маҳмадович шаҳодатнома тақдим карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки курси мазкур ҳам дар шакли назариявӣ ва ҳам дар шакли амалӣ барои шунавандагон баргузор гардид, ки онҳо дар ин муддат кор бо компютер, идоракунии барномаҳо, истифодаи калимакашӣ (Word), ҷадвалҳо (Excel), ҷустуҷӯи маълумотҳо тавассути интернет,барномасозӣ ва таҳлили маълумот, почта, шабакаҳои иҷтимоӣ ҳалли масъала ва ғайраҳоро аз худ намуданд
Бояд гуфт, ки омӯзиши асосҳои компютер имкон медиҳад, ки шахс идеяҳои худро тавассути барномаҳо ва лоиҳаҳо ба амал барорад ва омӯхтани ин дониш барои замони муоссир, ки замони техника ва технология мебошад ҳатмист.
Ёдовар мешавем, ки курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзию забономӯзӣ дар Марказ аз руйи 21 ихтисос мунтазам ба роҳ монда шудааст, ки хоҳишмандон метавонанд ба суроғаи мо: шаҳри Душанбе ноҳияи Фирдавсӣ Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкори Тоҷикистон бинои Д ошёнаи 6- ум ё ба рақами +992 206-01-83-83; +992 905-25-88-99 муроҷиат намуда, соҳибкасб гарданд, ё ин, ки маҳорат ва малакаи касбии худро сайқал диҳанд.
