БАРГУЗОРИИ ИМТИҲОНИ ХАТМИ ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ КӮТОҲМУДДАТИ КАСБОМӮЗӢ АЗ РӮЙИ КАСБИ “ҚАННОД”

Соҳибкасб намудани занону духтарон аз рӯйи касби қаннодӣ яке аз роҳҳои муҳими баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии зиндагӣ, мустақилияти иқтисодӣ ва рушди соҳибкории хурд барои занон мебошад. Қаннодӣ натанҳо ҳунари омода намудани шириниҳо, балки соҳаи сердаромад ва эҷодӣ низ маҳсуб мешавад. Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ”-и ДБССТ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади соҳибкасб намудани бонувону духтарон баргузории курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиширо бар роҳ мондааст. Аз ҷумла, курси кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ аз рӯйи касби “Қаннод” миёни шаҳрвандон бо фармоиши директори Марказ аз 02.01.2026, ба тасвиб расидааст. Ба курси мазкур 40 нафар шунаванда ҷалб гардид, ки тибқи ҷадвали тасдиқгардида санаҳои 11 ва 13-уми феврали соли равон дар курси мазкур имтиҳони хатм баргузор карда шуд. Дар рафти супоридани имтиҳон директори Марказ муҳтарам Ширинзода Наҷмуддин Асомадин, раиси комиссияи имтиҳонҳои хатм ва аъзоёни раиси комиссия иштирок намуданд.
Бояд гуфт, омӯзиши курси қаннодӣ аз ҷониби омӯзгорону мутахассисони ботаҷриба ба роҳ монда шудааст, ки ба шунавандагон имконият медиҳад, дар хона ё берун аз он фаъолият намуда, даромади доимӣ ба даст оранд, ҳамзамон ин курс ба шунавандагон имконияти кушодани мағозаҳои қаннодӣ ва қабул намудани фармоишҳои инфиродиро фароҳам меорад.
Мавриди зикр аст, ки таҳсили курси қаннодӣ дар “Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ”-и ДБССТ ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки омода намудани тортҳои идонаву арӯсӣ, шириниҳои миллӣ, қаннодии аврупоӣ, ороиши навъҳои гуногуни торт, омӯзиши асосҳои соҳибкорӣ ва маркетинг, қоидаҳои санитарӣ ва нигоҳдории маҳсулотро аз худ намоянд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top