Дар доираи сафари кории кормандони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»- и ДБССТ ба вилояти Суғд рӯзи 16.01.2026 дар МД Донишгоҳи байналмилалии Хуҷанд-и ДБССТ семинари илмӣ-омӯзишӣ таҳти унвони “Рушди самараноки фаъолияти ҷамъиятҳои илмӣ ва маҳфилҳои илмии донишҷӯён” баргузор гардид.
Дар кори семинар муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ» номзади илмҳои филологӣ Аминӣ Алишер Файзуллоҳ, муовинони декан оид ба илм, роҳбарони ҷамъиятҳо ва маҳфилҳои илмии донишкада ва Литсей касбии хизмати шаҳри Хуҷанди ДБССТ, инчунин дигар шахсони хоҳишманд иштирок намуданд.
Семинари илмӣ-омӯзиширо муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии МД “Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ”-и ДБССТ Аминӣ Алишер Файзуллоҳ ифтитоҳ намуда, доир ба нақши маҳфилҳои илмӣ дар ташаккули тафаккури илмию интиқодӣ ва таҳлилии донишҷӯён ибрози назар намуд.Ҳамзамон дар мавзуи “Тавсияҳои методӣ барои фаъолияти пурсамари ҷамъиятҳои илмии донишҷӯён ва маҳфилҳои илмӣ” суханронӣ карда, барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти маҳфилҳо як қатор тавсияҳои судманд пешниҳод намуд.
Дар анҷоми семинар миёни иштирокчиён баҳсу мунозираҳои судманд сурат гирифта, пешниҳодҳо ҷиҳати такмили фаъолияти ҷамъиятҳо ва маҳфилҳои илмии донишҷӯён матраҳ гардиданд.
