23 июни соли 2026 таҳти Раёсати МД “Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ”-и ДБССТ, номзади илмҳои филологӣ, Ширинзода Наҷмуддин Асомадин ҷаласаи раёсати Марказ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти Марказ дар шашмоҳаи аввали соли 2026 мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтанд.
Дар кори ҷаласа муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон нозади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҷӯразода Хайринисо Ҳайдар ва мудири шуъбаи банақшагирии стратегӣ ва барномаҳои раёсати рушди стратегӣ ва идоракунии сифат номзади илмҳои иқтисодӣ Мариншоев Муқбил Мунаваршоевич, муовинони директор, сардорони бахшу шуъбаҳо мудирони кафедра ва кормандони Марказ иштирок намуданд.
Раиси ҷаласаи раёсати Марказ Ширинзода Наҷмуддин Асомадин ҷаласаро ифтитоҳ намуда, аз дастовардҳои муҳими Марказ дар самтҳои баргузории курсҳои такмили ихтисос, курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиву омӯзишӣ дар раванди таълим, илм ва робитаҳои байналмилалӣ, банақшагирию молиявӣ, хоҷагидорӣ ва рушду татбиқи барномаҳои давлатӣ дар шашмоҳаи соли 2026 ёдовар гардид.
Зимни ҳисобот зикр карда шуд, ки ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳ ва суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ҳамчун нишонаи равшани таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбарияти олии давлат ба рушди илму маориф арзёбӣ мегардад.
Дар ин замина, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 15, 19, 21 ва 30-юми августи соли 2025 зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва иштирок дар Рӯзи дониш баён доштанд, ҳамчунин барои татбиқи банди 72-и Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 171 нафар омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ курсҳои такмили ихтисос ва 268 нафар кормандони ташкилоту корхонаҳои соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ (ширкатҳои сайёҳӣ, нақлиёт, тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо) инчунин донишҷӯёни риштаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ва омӯзиширо хатм намуданд. Илова бар ин, 255 нафар омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён дар мастер-классҳо, ки бо ҷалби мутахассисони дохилию хориҷӣ баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар маҷмуъ 694 нафар омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, кормандони ташкилоту корхонаҳои соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ (ширкатҳои сайёҳӣ, нақлиёт, тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо) ва донишҷӯён соҳиби шаҳоднома ва сертификат гардиданд.
Аз ҷумла, дар самтҳои таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, такмили ихтисоси ҳайати омӯзгорӣ, табодули илмӣ ва бастани созишномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои дохиливу хориҷӣ қадамҳои устувор гузошта шуданд. Мавқеи Марказ дар баргузории курсҳои такмили ихтисос, курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ва мастер-классҳо вусъат ёфта истодаанд.
Умуман, фаъолияти сохторҳои Марказ дар шашмоҳаи соли 2026 аз ҷониби аъзои раёсати ҷаласа мавриди баррасӣ ва таҳлили амиқ қарор гирифта, натиҷаҳо қаноатбахш арзёбӣ шуданд.
Дар интиҳои ҷаласа, директори Марказ н.и.ф Ширинзода Н.А. дар назди ҳайати иштирокчиён баҳри боз ҳам таҳким бахшидани самтҳои фаъолияти Марказ дар соли 2026 як қатор вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Вобаста ба ин, ҷаласаи васеӣ Марказ қарорҳои дахлдор қабул намуд.
