Бахши илм ва робитаҳои байналмилалӣ

    Марказ ҳамкории байналмилалиро дар соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дар мувофиқа бо Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Бахш фаъолияти худро дар асоси Оиннома ва қарорҳои ҷаласаи раёсати Марказ ва фармоиш директори Марказ ва Низомномаи бахш ба роҳ мемонад.
    Ҳадафи асосии бахш-таҳкими заминаи илмӣ, таҳлилӣ ва ҳамкории байналмилалӣ барои рушди касбии кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ мебошад.
     Дар давоми фаъолияти бахш 7 шартномаҳои ҳамкорӣ, аз он ҷумла ҳамкори байни Алянси дӯстии “Роҳи Абрешим, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Алмаато, Донишгоҳи давлатии техникии Бухоро, Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогикаи Денави Ҷумҳурии Узбекистон, Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтойи Федератсияи Россия ва ғайра ба имзо расидааст.

Прокрутить вверх