ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ЗАМИНАИ РУШД ВА ПОЯИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТДОРӢ

26 июн дар МД «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар масъалаҳои муҳимми марбут ба нақши ваҳдати миллӣ дар таҳкими сулҳу субот, рушди давлатдорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Директори Марказ н.и.ф. Ширинзода Наҷмуддин Асомадин дар мавзуи «Ваҳдат – меҳвари рушди босуботи ҷомеа ва зиндагии босаодати халқ» суханронӣ намуда, таъкид кард, ки ваҳдат асоси пешрафти тамоми соҳаҳои ҷомеа буда, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва рушди устувори кишвар нақши калидӣ дорад.
Ҳамчунин, Аминӣ Алишер Файзуллоҳ, муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, дар мавзуи «Аз гирдоби низоъ то эҳёи давлати ваҳдатмеҳвар» таърихи ба даст омадани сулҳу ҳамдигарфаҳмиро таҳлил намуда, нақши ваҳдатро дар барқарорсозии ҷомеа ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳакимзода Манучеҳра Нематулло, сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрӣ, дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – кафили фардои дурахшон» андешаҳои худро иброз намуда, зикр кард, ки ҳифзи арзишҳои ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ омили муҳими бунёди ҷомеаи солим ва ояндаи неки кишвар мебошад.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён иброз доштанд, ки ваҳдати миллӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар арзиши муқаддас буда, ҳифзи он масъулияти умумӣ ва кафолати рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Оставьте комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Прокрутить вверх