Дар доираи нацшаи чорабиниҳои Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ курси кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ аз рӯйи касбӣ «Пешхизмат» баргузор гардид.
Дар доираи курси мазкур кормандони тарабхонаҳои «Баҳор «Форел» ва «Искандер» ба омӯзиши дониш ва малакаҳои муосири касбӣ ҷалб гардиданд. Дар рафти омӯзиш ба масъалаҳои фарҳанги хизматрасонӣ, муносибати дуруст бо мизоҷон, қоидаҳои хизматрасонӣ, одоби касбӣ, тарзи қабули фармоиш ва дигар талаботи муҳимми соҳаи хизматрасонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Гузаронидани чунин курсҳо барои баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳаи хизматрасонӣ ва рушди минбаъдаи малакаҳои онҳо заминаи мусоид фароҳам меорад. Дониш ва малакаҳои дар рафти курс бадастовардаи пешхизматон барои фаъолияти минбаъдаи касбии онҳо аҳамияти муҳим дошта, ба беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ мусоидат менамояд.
Яке аз самтҳои муҳими омӯзиш омодасозии кормандон ба хизматрасонии меҳмонони хориҷӣ буд. Пас аз хатми курс пешхизматони тарабхонаҳои мазкур барои дар сатҳи зарурӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои муосири хизматрасонӣ қабул ва хизматрасонӣ намудани мизоҷони хориҷӣ низ омодагии бештар пайдо намуданд.
Маросими супоридани шаҳодатномаҳо бо иштироки масъулини Марказ ба кормандони тарабхонаҳои «Баҳор Форел» ва «Искандер», ки курси мазкурро бомуваффақият хатм намуданд, баргузор гардид.
Марказ минбаъд низ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, такмили малакаҳои касбӣ ва ҷорӣ намудани стандартҳои муосири хизматрасонӣ курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро идома медиҳад.
