Директор


Ширинзода Наҷмуддин Асомадин
Тел: (+992)707000003
Email:  info@mjtis.tj
Қабули шаҳрвандон:
Сешанбе – 09:00-12:00
Шанбе – 09:00 – 12:00

 

Маълумоти мухтасар

      Ширинзода Наҷмуддин Асомадин — директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент.
      Соли 2005 Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва соли 2019 Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз 7 уми январи соли 2025 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» таъин шуда, кор ва фаъолият менамояд.
      Аз соли 2006 то ҳол дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои давлатӣ кору фаъолият намудааст.
Ширинзода Н.А. номзади илмҳои филологӣ, дотсент муаллифи беш аз 47 мақолаи илмӣ-оммавӣ, 5 дастури таълимию методӣ, 6 китоби дарсӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва 2 монография мебошад.
        Барои хизматҳои шоён дар соҳаи маориф ва илм Ширинзода Наҷмуддин Асомадин соли 2013 бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2015 Нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2017 барои дастовардҳо дар соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника сарфароз гардонида шудааст.

Прокрутить вверх