Дар Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳифз ва рушди забони давлатӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати забондонӣ семинари илмӣ-омӯзишӣ таҳти унвони «Омӯзиши қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва татбиқи меъёрҳои забони давлатӣ» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар асоси иҷрои банди 3-и Нақшаи кории Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и донишгоҳ роҳандозӣ шуда, ба масъалаҳои муҳими риоя ва татбиқи меъёрҳои забони давлатӣ бахшида шуд.
Семинарро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филология Аминӣ А.Ф. ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ аҳаммияти омӯзиши пайвастаи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва такмили фарҳанги ҳуҷҷатнигориро махсус таъкид намуд.
Қайд гардид, ки забони давлатӣ ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ ва омили асосии ҳифзи ҳувияти миллӣ ниёз ба омӯзиши амиқ ва истифодаи дуруст дорад.
Дар кори семинар узви Шурои ҳамоҳангсози истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфониён Раҳим Раҷабзода иштирок намуда, вобаста ба татбиқи меъёрҳои забони давлатӣ, истифодаи дурусти истилоҳот ва риояи қоидаҳои имло маърузаи пурмуҳтаво ироа карданд. Мавсуф зимни суханронӣ иброз дошт, ки омӯзиши мунтазами меъёрҳои забони адабӣ ва татбиқи дурусти онҳо дар фаъолияти рӯзмарра барои ҳифз, рушди забони миллӣ ва боло бурдани фарҳанги сухан аҳаммияти муҳим дорад.
Ҳадафи асосии семинар омӯзиши дурусти Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, истифодаи самараноки «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ва таҳкими малакаи забондонии кормандон арзёбӣ гардид.
Дар ҷараёни семинар масъалаҳои муҳими вобаста ба риояи меъёрҳои имлои забони тоҷикӣ, тарзи дурусти навишти калимаҳо, истифодаи саҳеҳи истилоҳот, инчунин татбиқи Феҳристи навишти ҳарфи «ӯ» пеш аз ҳарфҳои «ҳ» ва «ъ» мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, иштирокчиён доир ба масъалаҳои мубрами имло ва тарзи истифодаи дурусти баъзе калимаву истилоҳот мубодилаи афкор намуда, ба саволҳои худ аз ҷониби мутахассисон посухҳои мушаххас ва илмӣ дарёфт карданд.
