ҶАВОНОН – НЕРУИ СОЗАНДАИ ФАРДО: МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН

Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола санаи 23 май бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад, мизи мудаввар дар мавзуи «Ҷавонон – неруи асосии рушд ва ояндаи устувори миллат» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарият, аз ҷумла муовини директори Марказ, Аминӣ Алишер Файзуллоҳ ва ҳайати устодону кормандон иштирок намуданд. Ҳадафи асосии баргузории ин мизи мудаввар, баррасии нақши созандаи насли ҷавон дар рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, арзёбии дастовардҳои касбии кормандони ҷавони муассиса ва ҳавасмандгардонии онҳо ба фаъолияти илмию эҷодӣ маҳсуб меёфт. Зимни оғози чорабинӣ қайд гардид, ки ҷавонони имрӯзаи кишвар давомдиҳандагони сазовори кору пайкори насли калонсол ва неруи тавонои созандаи ҷомеа мебошанд. Саҳми ҷавонони Марказ низ дар ташкили курсҳои омӯзишӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ арзишманд арзёбӣ мегардад.
Дар раванди чорабинӣ чанде аз кормандони ботаҷриба ва ҷавони Марказ баромад намуда, андешаҳои худро доир ба нақши насли ҷавон дар таҳкими давлатдории миллӣ, рақамкунонии таҳсилот ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии сайёҳӣ баён доштанд.

Оставьте комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Прокрутить вверх