ТАҚДИМИ ШАҲОДАТНОМАҲО БА ХАТМКУНАНДАГОНИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РУЙИ ИХТИСОСИ “ИҚТИСОД ВА ИДОРА”

06.06.2026 бо ибтикори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и ДБССТ маросими тақдими шаҳодатномаҳо ба хатмкунандагони курси такмили ихтисос аз рӯйи ихтисоси «Иқтисодиёт ва идора» барои кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки курси мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи малакаҳои касбӣ, такмили донишҳои назариявӣ ва амалии муовинини кормандони муассисаҳои истеҳсолии иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рушди истехсол дар бозорҳои дохилӣ роҳандозӣ гардид, ки дар ин муддат шунавандагон имконият пайдо намуданд, ки ҳам донишҳои назариявӣ ва ҳам малакаҳои амалиро дар муҳити воқеии корӣ аз худ намоянд.
Дар маросими тақдими шаҳодатномаҳо ба хатмкунандагони курс мазкур муовини директори Марказ Каримов Давлат Маҳмадович, Сардори раёсати кадрҳои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон палковник Мирзозода Аҳмад ва полковник Маҷидов Ҳисорӣ Бухориевич иштирок намуданд.
Айни замон курси мазкурро 22 нафар кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб гардидаанд, ки пас аз хатм бо Шаҳодатномаи такмили ихтисос сарфароз гардонида шуд

Оставьте комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Прокрутить вверх