ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМҲО – ОМИЛИ МУҲИММИ РУШДИ ИҶТИМОӢ ВА ИҚТИСОДИИ ҶОМЕА

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ”-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Танзими ҷашну маросимҳо – омили муҳимми рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа» баргузор гардид.
Чорабиниро директори Марказ Ширинзода Наҷмуддин Асомадин ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ оид ба аҳамияти танзими ҷашну маросимҳо ҳамчун омили муҳими рушди ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷомеа андешаронӣ карданд.
Зикр гардид, ки омӯзиш ва татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз лиҳози моҳият ва аҳаммияти иҷтимоӣ барои ҷомеа басо муҳим мебошад.
Сипас, сухан ба корманди масъули Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоҷамирзозода Муслиҳиддин Ҳоҷамир дода шуд. Мавсуф дар мавзуи «Шарҳи моддаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”» маърӯза намуда, ҳар як банди қонунро ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ доданд.
Дар ҷараёни мизи мудаввар масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ҳамчун омили рушди иҷтимоию иқтисодӣ, тарбия ва таълими насли имрӯз ва фардо дар заминаи риояи талаботи қонун, инчунин анҷом додани корҳои хайру эҳсон ба шахсони ниёзманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои иштирокчиён оид ба мавзуъ посухҳои мушаххас ва муфид пешниҳод намуд.

Оставьте комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Прокрутить вверх