ТАДБИРҲО БАРОИ ТАҚВИЯТИ МАЛАКАҲОИ КАСБӢ: ДАР МАРКАЗ КУРСҲОИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ОҒОЗ ШУД

Рӯзи 30-уми марти соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон курси омӯзиши забони англисӣ барои омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ ба таври расмӣ оғоз гардид. Ин тадбир идомаи иқдомҳои роҳбарияти муассиса дар баланд бардоштани сатҳи тахассус ва малакаҳои касбии омӯзгорон арзёбӣ мегардад.
Роҳандозии курсҳои мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати кишвар, махсусан дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва ҳамчунин «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, №438 тасдиқ гардидааст, амалӣ карда мешавад.
Ҳамзамон, ин иқдом ба иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва дигар санадҳои меъёрии соҳавӣ мусоидат намуда, барои рушди неруи инсонӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон замина фароҳам меорад.
Роҳандозии курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди ҷаҳонбинии омӯзгорон ва кормандон, такмили малакаҳои забондонӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат мусоидат менамояд. Ин иқдом ҳамчунин заминаи устувори таҳкими неруи зеҳнӣ ва тавоноии касбиро фароҳам оварда, барои пешбурди фаъолияти касбӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ нақши муҳим мебозад.

Оставьте комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Прокрутить вверх