11-уми марти соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими тантанавии тақдими ШАҲОДАТНОМАҲО ба хатмкунандагони курси кӯтоҳмуддати омӯзишии «Забони англисӣ» баргузор гардид.
Курси мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш, такмили малакаҳои забондонӣ ва рушди қобилияти муоширати касбии донишҷӯён дар забони англисӣ ташкил шудааст.
Дар курси мазкур донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷалб гардида, пас аз азхуд кардани барномаи таълимӣ ва супоридани санҷишҳои ҷамъбастӣ курсро бомуваффақият хатм намуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.
Дар маросими ҷамъбастии курс директори Марказ, номзади илмҳои филологӣ Ширинзода Наҷмуддин Асомуддин иштирок намуда, хатмкунандагонро бо анҷоми муваффақонаи курс табрик гуфта, иброз дошт, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз омилҳои муҳимми рушди касбӣ ва васеъ гардидани имкониятҳои фаъолияти байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Зимни суханронии худ мавсуф таъкид намуданд, ки азхуд намудани забони англисӣ барои донишҷӯён, бахусус дар соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, аҳаммияти хосса дошта, барои баланд гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии кишвар мусоидат менамояд. Дар идомаи маросим ба хатмкунандагон шаҳодатномаҳои хатм дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуданд.
Қобили зикр аст, ки роҳандозии чунин курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ дар доираи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» ва Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 амалӣ мегардад. Ин иқдомҳо ба баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди неруи зеҳнӣ ва тақвияти малакаҳои забондонии ҷавонон равона гардида, барои омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат мусоидат менамоянд.
