МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ КОРМАНДОНИ СОҲАҲОИ САЙЁҲӢ ВА ХИЗМАТРАСОНӢ! ТАҚДИМИ ШАҲОДАТНОМАҲОИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС БА ОМӮЗГОРОНИ ЛИТСЕЙИ НАЗДИ ДОНИШГОҲ АЗ РӮИ РАВИЯИ “МАҲОРАТИ ПЕДАГОГӢ»

Ҷиҳати иҷрои нақшаи дурнамои аз курси такмили ихтисос гузаронидани ҳайати омӯзгорони Литсейи назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 20 нафар омӯзгорон ба курси такмили ихтисос аз рӯи равияи «МАҲОРАТИ ПЕДАГОГӢ» ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и ДБССТ ҷалб гардида буданд, ки пас аз хатми бо муваффақияти курс аз ҷониби директори Марказ н.и.ф. Ширинзода Н.А. санаи 26.01.2026. ба шунавандагон Шаҳодатномаҳои хатм тақдим карда шуд.
Бояд гуфт, ки ҳадафи асосии баргузории курсҳои такмили ихтисос ин баланд бардоштани сатҳи донишу маҳорат, малакаи касбии омӯзгорон ва ҳарчи бештар шинос намудани онҳо бо технологияҳои муосири таълим мебошад.

Оставьте комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Прокрутить вверх